Ин қонун 5 июли имсол имзо гашта, вале ҳоло расонаӣ шудааст.
Ба Кодекси ҷиноии Қазоқистон тағйироти марбут ба қочоқи инсон ворид карда хоҳад шуд. Аз ҷумла, мафҳуми нави "хидматрасониҳои дигари дорои хусусияти шаҳвонӣ", аз ҷумла пешниҳоди чунин хидматрасонӣ тавассути Интернет илова карда мешавад.
Тағйироти нав барои ҷалби одамон, аз ҷумла ноболиғон ба хидматрасониҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, эълону таблиғи танфурӯшӣ ва хидматрасониҳои дигар, ташкили шароит барои танфурӯшӣ, пешниҳоди хидматрасонии дорои хусусияти шаҳвонӣ бо истифода аз шабакаҳои мухобиротӣ, бахусус Интернет ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.