Ссылки доступа

Як фаъоли қазоқ барои суҳбати се сол пешаш бо Аблязов суд мешавад


Додгоҳи ноҳияи Нурлибойи Қазоқистон баррасии парвандаи фаъоли маданӣ Нурлибой Татоевро, ки ба "иштирок дар фаъолияти созмони мамнуъ" муттаҳам мешавад, оғоз кардааст.

Бино ба маводи парванда, Нурлибой Татоев соли 2021 бо собиқ бонкдор ва мухолифи қазоқ Мухтор Аблязов, ки дар хориҷ ба сар мебарад, тавассути барномаи "Zoom" видеоӣ суҳбат кардааст.

Ҳамчунин гӯиё ӯ дар фаъолити созмони таҳти раҳбарии Аблязов, ки дар Қазоқистон мамнуъ эълом шудааст, иштирок кардааст.

Сухан дар бораи ҳаракати "Интихоби демократии Қазоқистон" меравад, ки аз сӯи Мухтор Аблязов ташкил ва тавассути Интернет идора мешавад.

Мухтор Аблязов, раиси пешини бонки БТА-и Қазоқистон бештар аз 10 сол аст, ки дар Аврупо қарор дорад. Дар Қазоқистон ва Русияву Украина ӯро дар дуздии наздики 5 миллиард доллар айбдор мекунанд.

Қазоқистон борҳо талош кард, ки Аблязовро аз Аврупо истирдод кунанд. Мақомоти Қазоқистон муваффақ шуданд, ки Аблязов дар Фаронса боздошт ва ҳабс шавад, аммо баъди чанде ӯро озод карданд. Моҳи ноябри соли 2018 додгоҳи Қазоқистон Аблязовро ғоибона ба ҳабси якумрӣ маҳкум кард. Ӯро дар "куштори фармоишӣ" дар соли 2004 айбдор карданд. Додгоҳи Қазоқистон ҳамзамон ӯро дар доираи парвандаи ғорати дороиҳои бонки БТА соли 2017 ғоибона ба 20 соли зиндон маҳкум кард.

Аблязов ҳамаи ин айбҳоро рад мекунад.

XS
SM
MD
LG