Ссылки доступа

Ҷо Байден гирифтори COVID-19 шудааст


Президенти ИМА Ҷо Байден
Президенти ИМА Ҷо Байден

Президенти ИМА Ҷо Байден бори сеюм ба бемории COVID-19 гирифтор шудааст. Карин Жан-Пер, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, бемории президент сабук аст ва қаблан Ҷо Байден аз эмгузаронӣ гузашта буд.

Баъди эълони беморӣ, вохӯрии Байден бо тарафдоронаш дар шаҳри Лас-Вегас бекор шуд. Ин мулоқот қарор буд 17-уми июл дар доираи маъракаи пешазинтихоботӣ баргузор шавад.

Кевин О Коннор, пизишки Ҷо Байден ба хабарнигорон гуфт, президент сулфа дорад ва аввалин вояи доруи зиддивирусии "Паксловид"-ро гирифтааст.

Рӯзноманигороне, ки сафари Байденро ба Лас-Вегас пайгирӣ карданд, мегӯянд, раисиҷумҳур оҳиста ва бо эҳтиёт ба ҳавопаймо савор шуд, гузориш медиҳад BBC.

Сухангӯи Кохи Сафед гуфт, Ҷо Байден дар давраи беморӣ дар хонааш дар аёлати Делавэр мемонад ва “ҳамаи вазифаҳояшро пурра иҷро мекунад.”

Президенти феълии ИМА моҳи июли соли 2022 ҳам ба COVID-19 мубтало шуда буд.

XS
SM
MD
LG