Ссылки доступа

Узбекистон ва Қирғизистон 16 санади нави ҳамкорӣ имзо карданд


Дар ҷараёни сафари давлатии президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба Узбекистон миёни ду кишвар 16 санади нави ҳамкорӣ имзо шудааст.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон иттилоъ дода, ки ин санадҳо ба ҳамкориҳои ду кишвар дар бахши сохтмон, меҳнат, шуғли аҳолӣ, муҳоҷират, фарҳанг, варзиш, кишоварзӣ ва афзоиши табодули мол миёни ду давлат марбут мебошанд.

Ҳамчунин дар ҷараёни сафари Ҷабборов ба Узбекистон корхонаи муштараки мошинсозии ду кишвар дар вилояти Чӯйи Қирғизистон ифтитоҳ шуд.

Дар мулоқоти Ҷабборов бо ҳамтои узбекаш Шавкат Мирзиёев ба иҷрои зудтари тарҳҳои минтақавӣ, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳани "Чин-Қирғизистон-Узбекистон" ва нерӯгоҳи "Қамбарота-1" бештар таваҷҷуҳ шудааст.

Президенти Қирғизистон 18 июл бо сафари давлатии дурӯза ба Узбекистон рафт.

XS
SM
MD
LG