Телеграм-канали "Украина – Осиёи Марказӣ" бо истинод ба мақомоти Украина хабар дода, ки Турсунов 17 июл ба Русия фиристода шудааст. Русия ва Украина дар ин рӯз даври нави табодули асиронро дар формати “95 ба 95” анҷом доданд.
Вазорати дифои Русия гуфт, низомиёни озодшударо бо ҳавопаймо ба Маскав бурданд.
Видеое, ки Турсунови 57-сола дар он мегӯяд, дар Украина асир афтодааст, охирҳои моҳи майи имсол дар Интернет нашр шуд. Ӯ дар ин навор гуфт, шаҳрванди Қирғизистон ва зодаи вилояти Ӯши он кишвар аст.
Ба гуфтаи Турсунов, ӯ баъди рафтан ба назди писараш дар шаҳри Рязани Русия боздошт ва бар ивази маблағ розӣ шудааст, ки бо Вазорати дифои ин кишвар қарордод имзо кунад. Вайро пас аз се рӯзи тамрин ба ҷанг фиристодаанд.