Дар лоиҳа пешниҳод шудааст, ки рӯзноманигорон барои нақзи регламенти чорабинӣ аз ҳаққи иштирок дар он маҳрум шаванд. Ҳамчунин дар сурати дар ғайри расонаи худ нашр кардани маълумоте, ки мақомоти давлатӣ пешниҳод кардааст, ба чорабиниҳо роҳ дода нашаванд.
Бар асоси фармон, ниҳоде, ки рӯзноманигоронро сабтином мекунад, регламенти чорабиниро он муайян хоҳад кард.
Бисёре аз рӯзноманигорони Қазоқистон нигаронанд, ки қоидаҳои нав онҳоро аз ҳаққи нашри иттилои дарёфтӣ аз мақомоти давлатӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, табодули маълумоти дастрасшуда аз нишастҳои хабарӣ бо ҳамкасбон маҳрум мекунад.
Ба гуфтаи онҳо, баргузоркунандагони чорабиниҳо метавонанд дилхоҳ суоли рӯзноманигоронро, ки барояшон писанд нест, ҳамчун нақзи регламент арзёбӣ кунанд.