Парванда бар асоси банди "Барангехтани кинаю адовати иҷтимоӣ, миллӣ, нажодӣ, синфӣ ё динӣ” оғоз шудааст. Барои баҳои ҳуқуқӣ додан ба ин ҳодиса ташхис гузаронида мешавад.
Видеои мазкур моҳи июни имсол дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Дар навор дида мешавад, марде бо либоси дорои рамзҳои миллии қазоқӣ ва пойафзоли пошнабаланд дар дохили хаймае мерақсад.
Видео баҳсҳои тундеро дар ҷомеаи Қазоқистон, аз ҷумла миёни мақомҳои расмии ин кишвар ба бор овард. Бархе аз вакилони порлумон гуфтанд, ки он зидди "арзиш ва анъанаҳои миллии мардуми қазоқ" буда, бархеи дигар онро "таҳқири миллат" номиданд.
Аз мақомоти Қазоқистон талаб карда шуд, ки дар робита ба ин ҳодиса чораҷӯӣ кунанд.