Ссылки доступа

Вокуниши мақомоти қирғиз ба суханҳои муҷрии рус


Дайирбек Орунбеков
Дайирбек Орунбеков

Мудири шуъбаи сиёсати иттилоотии дастгоҳи президенти Қирғизистон Дайирбек Орунбеков 20 июл ба суханҳои муҷрии рус Тина Канделакӣ вокуниш кард.

Вай дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навишт, ки "суханҳои шахсиятҳои ҷамъиятӣ, ки метавонанд дар равобити дуҷониба миёни Қирғизистон ва Русия ихтилофот ба вуҷуд оваранд, ғайри қобили қабул буда, ба руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироме, ки заминаи муносибатҳои мо мебошад, мухолиф аст".

Вазорати фарҳанги Қирғизистон 15 июл хабар дод, ки бинои Осорхонаи шуҳрати ҷангӣ ба номи Иван Панфилов дар шаҳри Бишкек аз Феҳристи давлатии ёдгориҳои таърихии кишвар берун шудааст ва онро тахриб мекунанд.

Муҷрии рус дар вокуниш ба ин хабар гуфт, имкони ҳифзи бино вуҷуд дошт, вале мақомоти Қирғизистон нахостанд, ки ёдгории ҳомиёни ватанро нигаҳ доранд.

"Ба назари сенариянависҳои ғарбӣ, хотираи гуруҳе, ки то дами марг барои Маскав ҷангидааст, набояд дар Қирғизистон вуҷуд дошта бошад. Замина барои “русофобия” ё эҳсоси бадбинӣ нисбати русҳо дар он кишвар кайҳо омода шудааст", - изҳор доштааст Канделакӣ.

XS
SM
MD
LG