Ссылки доступа

Дар Қазоқистон сарнагуншавии ҳавопаймои “АН-2”-ро таҳқиқ мекунанд


Вазорати нақлиёти Қазоқистон хабар дода, ки барои таҳқиқи сабабҳои сарнагун шудани ҳавопаймои “АН-2” дар ноҳияи Жаркайни вилояти Оқмолаи ин кишвар комиссияи махсус ташкил шудааст.

Ҳавопаймои “АН-2”, ки ба ширкати “Беркут-авиа” тааллуқ дорад, 21 июл, тақрибан соатҳои 18:54 дар осмони ноҳияи Жаркайн нахуст оташ гирифта, сипас сарозер шудааст.
Дар натиҷаи ҳодиса касе осеб надидааст. Дар дохили ҳавопаймо танҳо як халабон қарор дошта, ки тавонистааст наҷот ёбад.

XS
SM
MD
LG