Ссылки доступа

Фаъолият дар бозори селзадаи Қирғизистонро дубора иҷозат доданд


Муовини шаҳрдори Ӯши Қирғизистон 22 июл гуфт, дар ҳоли ҳозир ба кори тоҷирони бозори марказии ин шаҳр, ки дар натиҷаи омадани сел зери об монда буд, касе монеа эҷод намекунад.

Ба гуфтаи ӯ, ҳамаи оқибатҳои офати табиӣ бартараф шуда, дар ҳоли ҳозир тахриби иншооти ғайриқонуние, ки боиси зери об мондани бозор шуда буд, идома дорад.

“Бозори нав дар давоми ду моҳи оянда дар ҷойи дигар пурра бунёд карда мешавад. То поёни сохтмони он тоҷирон метавонанд фаъолияти худро идома диҳанд”, - гуфтааст муовини шаҳрдор.

Бозори марказии шаҳри Ӯши Қирғизистон дар натиҷаи омадани сел рӯзи 14 июл зери об монда буд ва мақомот гуфтанд, онро ба ҷои дигар мекучонанд. Тоҷирон эътироз карда, аз мақомот талаб карданд, ки муҳлати кӯчонидани бозор ба муҳлати 1 ё 2 моҳ ба таъхир гузошта шавад.

XS
SM
MD
LG