Банди 16-уми қонун "Дар бораи реклама"-и Узбекистон зикри писандида шудани мол аз сӯи ниҳод ё мансабдори давлатиро манъ мекунад.
Комиссияи махсуси кумитагӯиё нишонаҳои иштироки вазири фарҳанги Узбекистонро дар таблиғи либоси фурӯшгоҳ ошкор накардааст.
"Тибқи қонун, вақте Назарбеков эълонро тавассути саҳифаҳои шахсии худ дар Интернет нашр ва паҳн накарда бошад, ӯ таблиғгар ба ҳисоб намеравад", - омадааст дар иттилоияи кумита.
Видеои рекламаи либоси бренди маҳаллӣ бо иштироки вазири фарҳанги Узбекистон 2 июл дар Интернет нашр шуд. Кумитаи рушди рақобат ва ҳимояти ҳуқуқи истеъмолкунандагони он кишвар гуфт, ҳодисаро таҳқиқ мекунад.