Ссылки доступа

Дар Қирғизистон дастандаркорони сохтмонҳои ғайриқонуниро муҷозот мекунанд


Додситонии шаҳри Ӯши Қирғизистон 10 ҳолати сохтмони худсаронаи пули одамгузар ва нуқтаҳои савдоро дар болои рӯдхонаи “Ак-Буура” ошкор кардааст.

Хадамоти матбуотии Додситонии кулли Қирғизистон иттилоъ дода, ки ин сохтмонҳои ғайриқонунӣ бо мусоидати бархе аз масъулони бахши меъморӣ ва сохтмони шаҳр анҷом шудаанд.

Мақомот зидди масъулон бо банди “Сӯистифода аз мақом” парванда боз кардаанд.

Қаблан Додситонии кулли Қирғизистон дар пайи боронгариҳои ахир дар вилояти Ӯш, ки боиси омадани сел шуд, гуфта буд, дар болои рӯдхонаи “Ак-Буура” пулҳои одамгузар ва нуқтаҳои савдо худсарона бунёд карда шудааст. Ин сохтмонҳо боиси зери об мондани бозори марказии шаҳр гаштаанд.

Дертар раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон Қамчибек Тошиев гуфт, ки ҳамаи пулу нуқтаҳои савдои мазкур тахриб мешаванд.

XS
SM
MD
LG