Ссылки доступа

Дар Бишкек ҳаракати мошинҳоро маҳдуд карданианд


Шаҳрдории Бишкек пешниҳод кардааст, ки ба хотири кам кардани тамбашавии роҳҳо истифодаи мошинҳои шахсӣ дар баъзе аз рӯзҳои ҳафта маҳдуд карда шавад.

Лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи ҳаракат дар роҳҳои Қирғизистон, ки ин маҳдудиятро пешбинӣ мекунад, аллакай ба баррасии ом пешниҳод шудааст.

Бар асоси лоиҳаи қонун, ҳаракати мошинҳое, ки рақами охири қайди давлатияшон якхел аст, дар рӯзҳои муайяни ҳафта дар шаҳрҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявии Қирғизистон - Бишкек ва Ӯш маҳдуд карда мешавад.

Барои намуна, мошинҳое, ки рақами охири қайди давлатияшон 1 ё 2 аст, дар рӯзҳои душанбе наметавонанд дар кӯчаву хиёбонҳои Бишкек ва Ӯш ҳаракат кунанд. Ҳаминтариқ рӯзҳои ҳафта бар асоси рақамҳои охири қайди давлатии мошинҳо тақсим шудаанд.

Дар лоиҳа омадааст, ки ин маҳдудият танҳо дар рӯзҳои корӣ аз соати 7-и субҳ то 9-и бегоҳ ҷорӣ хоҳад шуд.

Шаҳрдорӣ пешниҳод кардааст, онҳое, ки қоидаи навро риоя намекунанд, аз ҳаққи ронандагӣ маҳрум карда шаванд.

XS
SM
MD
LG