Ссылки доступа

136 муҳоҷири тоҷик дар "Сахарово" мунтазири ихроҷ ҳастанд


Намояндагони консулгарии Тоҷикистон дар Русия ба назди муҳоҷирон ба боздоштгоҳи “Сахарово” рафтаанд. Мақомот мегӯянд, бо масъулини боздоштгоҳ масъалаи ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон фиристодани муҳоҷиронро баррасӣ кардаанд.

Ба гуфтаи мақомот, феълан дар боздоштгоҳи “Сахарово” 136 шаҳрванди Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд. Дар аксҳое, ки намояндагони Сафорат ба мо фиристоданд, як гуруҳ занҳо низ дида мешаванд.

Намояндагони консулгарӣ гуфтаанд, барои муҳоҷирон ғизо бурда, дар бораи такроран вайрон кардани қонунҳои муҳоҷирати Русия бо онҳо гап задаанд. Аммо консулгарии Тоҷикистон дар Русия нагуфтааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон чанд вақт аст, ки дар “Сахарово” нигаҳдорӣ мешаванд ва онҳо аз хушунат ва шиканҷа шикоят карданд ё не?

Муҳоҷирон аз Осиёи Марказӣ аз ҷумла аз Тоҷикистон борҳо аз шиканҷа ва бадрафтории маъмурин дар боздоштгоҳи “Сахарово” шикоят кардаанд.

Дар боздоштгоҳи “Сахарово” дар Маскав, муҳоҷироне нигаҳдорӣ мешаванд, ки барои вайрон кардани қонунгузории будубоши Русия боздошт шуда, мунтазири ихроҷ ба ватан ҳастанд.

XS
SM
MD
LG