Хадамоти матбуотии кумита 24 июл хабар дод, ки муовини пешини шаҳрдори Ӯш А.Ж.М., собиқ сардори амволи шаҳрдории Ӯш С.А.Э., собиқ сардори бахши "Кадастр" дар Ӯш С.И.Б. ва сардори пешини Идораи меъворӣ ва сохтмонии шаҳр Т.А.А дастгир шудаанд.
Гумонбарон гӯиё ба вакили маҷлиси шаҳрии Ӯш И.А.Ш. барои ғайриқонунӣ харидани 2,2 ҳектар замин дар минтақаи селгузар, дар қисмати ҷанубии маҳаллаи "Турон" мусоидат кардаанд.
Боздоштшудаҳо ба ҳабси пешакӣ гирифта шуда, вакили маҷлиси маҳаллӣ таҳти пайгард қарор гирифтааст.