Нашрияи "Wyborcza" иттилоъ дода, ки ҳодиса 22 июл дар боғи Бродненски шаҳр рух додааст. Ҳамлагари 26-сола ду навраси 15-солаи украиниро бо корд захмӣ кардааст.
Наврасон дар беморхона бистарӣ шуда, дар ҳоли ҳозир дар бораи вазъи онҳо чизе гуфта намешавад.
Ҷавони узбекистонӣ боздошт шуда, сабабҳои ангезаи ҳодиса муайян карда мешавад.