Кормандони оташнишонии ноҳия субҳи 26 июл баъди хомӯш сохтани сӯхтор дар яке аз хонаҳо ҷасади 5 узви як хонавода, марди 33-сола, зани 25-сола ва кудакони 6, 3 ва 2-соларо бо нишонаҳои марги маҷбурӣ пайдо карданд.
Хадамоти матбуотии Додситонии кулли Узбекистон хабар додааст, ки дар робита ба ин куштор марди 29-сола, хеши хонавода дастгир шудааст. Гумонбар баъди куштор хонаи онҳоро оташ задааст.
Боздоштшуда ҳини бозпурсӣ гуфтааст, аъзои хонаводаро ба далели қарздор будани соҳибхона куштааст.