Ссылки доступа

Қирғизистон имсол 40 километри роҳи оҳани "Балиқчӣ – Қучқор – Кара-Кече"-ро бунёд мекунад


Қирғизистон нақша дорад, ки то охири соли равон 40 километри роҳи оҳани "Балиқчӣ – Қучқор – Кара-Кече"-ро бунёд кунад.

Хадамоти матбуотии президенти Қирғизистон хабар додааст, ки раисҷумҳур Содир Ҷабборов 28 июл ба хотири шиносоӣ бо рафти корҳои бозсозӣ аз истгоҳи роҳи оҳани шаҳри Бишкек боздид карда, сипас тавассути қатора ба шаҳри Балиқчии вилояти Иссиқкӯл рафтааст.

Роҳи оҳани "Балиқчӣ – Қучқор – Кара-Кече" 186 километр дарозӣ дошта, тибқи нақша то поёни имсол бояд 40 километри он бунёд карда шавад.

Манбаъ афзуда, ки бунёди роҳи оҳани мазкур соли 2022 оғоз шуда, он барои Қирғизистон "аҳамияти бузурги иҷтимоӣ-иқтисодӣ" дорад.

XS
SM
MD
LG