Ссылки доступа

Ҷабборов гуфт, чаро барои дипломатҳои қирғиз дар хориҷ хона мехаранд


Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов дар суҳбат бо хабаргузории расмии "Кабар" шарҳ дод, ки чаро дастур додааст, барои намояндагони дипломатии кишвараш дар хориҷ хона ва коргоҳ бихаранд.

Ба гуфтаи ӯ, аз буҷаи Қирғизистон барои пардохти пули иҷораи манзил ва коргоҳи намояндагони дипломатии он кишвар дар хориҷ пули зиёд харҷ мешавад. Ҷабборов намояндагии Қирғизистонро дар СММ дар шаҳри Ню-Йорк мисол овардааст.

"Мо 30 сол мешавад, ки дар Ню-Йорк хонаро ба иҷора гирифтаем ва ҳар моҳ 5 ҳазор доллар мепардозем. Тасаввур кунед, ки дар ин 30 сол чи қадар пул харҷ шудааст", - изҳор доштааст вай.

Ҷабборов афзуда, ки раҳбарият ва вазирони пешини Қирғизистон дар робита ба ин масъала бетаваҷҷуҳӣ зоҳир кардаанд.

Содир Ҷабборов ахиран ба Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон дастур дод, ки барои намояндагони дипломатии кишвараш дар хориҷ коргоҳ ва хона харад.

XS
SM
MD
LG