Як корбари паёмрасони Телеграм ҳафтаи гузашта дар ҳамоиши рахнагарони "BreachForums" ҳамаи маълумоти шахсиро нашр кардааст.
Дар марказ гуфтанд, ки маълумоти шахсии қазоқистониҳо то моҳи 29 ноябри соли 2022, аз ҷумла ID-и корбарон, рамзҳо ва паёмҳои хусусӣ дастраси умум шудааст.
Дар миёни маълумоти нашршуда паёмҳои гуногуни иштирокдорони ҳамоиш ҳам ҳаст. Дар яке аз онҳо гуфта шудааст, ки компютерҳои як бонки муҳими Қазоқистон рахна шудаанд.
Қаблан Вазорати рушди рақамии Қазоқистон гуфта буд, ки маълумоти шахсии бештар аз 2 млн қазоқистонӣ, аз ҷумла муштариҳои муассисаи молии zaimer.kz дастраси умум шудааст.