Ссылки доступа

Канали "Қуштеппа"-ро баъди 5 сол ба истифода медиҳанд


Намояндаи тарҳи Ширкати миллии рушди канали "Қуштеппа" Саид Забеҳуллоҳ Мирӣ дар шабакаи иҷтимоии Х навишт, ки марҳилаи дувуми бунёди рӯдхона 58 дарсад иҷро шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, дар ҳоли ҳозир дар бунёди "Қуштеппа" 3,5 ҳазор одам ва 3 ҳазор техника иштирок мекунад.

"Канали "Қуштеппа" баъди 5 сол мавриди истифода қарор хоҳад гирифт", - афзудааст ӯ.

Сохтани канал баҳори соли 2022 шуруъ шуд. Намояндагони расмии Толибон гуфтанд, моҳи феврали ҳамон сол марҳилаи дувуми сохтмони канал оғоз гардидааст. Ин канал барои обёрии минтақаҳои шимоли Афғонистон аз дарёи Ому об мегирад.

Кишварҳои Осиёи Марказӣ аз сифати сохтмони канал нигаронанд.

Толибон нақша доранд, сохтмони каналро соли 2028 ба поён расонанд. Дарозии он аз 285 км, паҳноияш аз наздики 100 метр ва умқаш аз 8,5 метр иборат аст. Бино ба баҳогузории коршиносон, канали мазкур то 20 дарсади оби Омуро хоҳад гирифт. Дарёи Ому нақши марзро байни Тоҷикистон ва Узбекистон аз як сӯ ва Афғонистонро аз сӯи дигар дорад.

Коршиносони афғон дар масъалаҳои вобаста ба манбаъҳои обӣ Наҷибулло Садид гуфта буд, ки ифтитоҳи "Қуштеппа" ба ҳисоби миёна ба ин кишвар 500 миллион доллари амрикоӣ даромад меорад.

XS
SM
MD
LG