Ссылки доступа

Нигаронии Қирғизистон аз санҷишҳои тӯлонии шаҳрвандонаш дар фурудгоҳҳои Русия


Муовини вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Алмос Имонғозиев дар мулоқот бо сафири Русия дар Бишкек Сергей Вакунов дар робита ба санҷишҳои тӯлонӣ ва роҳ надодани муҳоҷирони қирғизистонӣ ба Русия изҳори нигаронӣ кардааст.

Хадамоти матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистон иттилоъ дода, ки ин мулоқот 29 июл баргузор шудааст ва Имонғозиев гуфтааст, "ҷониби Қирғизистон тадбирҳои андешидаи мақомоти Русияро барои таъмини амният дар он кишвар дарк мекунад".

Пас аз ҳамлаи маргбор ба “Крокус ситӣ”, ки мақомоти Русия чанд муҳоҷири тоҷикро дар он айбдор мекунанд, дар бархе аз фурудгоҳҳои он кишвар муҳоҷиронро бо баҳонаҳои гуногун соатҳо нигоҳ дошта, иҷозаи гузар намедиҳанд ва ба ватан бармегардонанд.

Ҳамчунин давоми чанд моҳи ахир дар Русия як қатор қонунҳои наве қабул шудаанд, ки назорати муҳоҷиронро сахттар мекунанд. Думаи давлатии Русия ахиран лоиҳаи қонунеро қабул кард, ки ба пулис низ иҷозат медиҳад, шаҳрвандони хориҷиро ихроҷ кунад.

XS
SM
MD
LG