Дар ин бора раиси бонк Мелис Тургунбоев дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Бишкек иттилоъ додааст.
Ба гуфтаи ӯ, тасмими ҳифзи меъёри бозтамвил бо назардошти арзёбии омилҳои таваррум, тамоюли рушди иқтисодӣ ва таҳлили шароити кунунӣ дар муҳити иқтисодии хориҷӣ гирифта шудааст.
"Дар Қирғизистон сатҳи таваррум то 19 июл 4,2 фоизро ташкил додааст", - изҳор доштааст Тургунбоев.
Бонки миллии Қирғизистон меъёри бозтамвилро моҳи майи имсол то ба 9% поин бурда буд. Қаблан он 11 дарсадро ташкил медод.