Ссылки доступа

Марди узбек, ки ба даҳҳо кас ҷойи кор ваъда карда буд, боздошт шуд


Сокини ноҳияи Оқдарёи Узбекистон, ки ваъда додааст, сокинонро бар ивази маблағ барои кор ба хориҷ мефиристад, боздошт шудааст.

Додситонии кулли Узбекистон мегӯяд, кормандони ин ниҳод гумонбарро ҳангоми гирифтани маблағи пешпардохт дар ҳаҷми беш аз 700 доллари амрикоӣ боздошт карданд.

Ӯ гӯиё ба ду сокини ноҳия ваъда додааст, ки бар ивази 4,5 ҳазор доллар метавонад онҳоро барои кор ба Бритониё фиристад.

Дар рафти тафтишот муайян шудааст, ки ин шахс қаблан низ ба боварии 47 шаҳрванди Узбекистон даромада, аз онҳо бо ваъдаи ҷойи кор дар хориҷ 37,1 ҳазор доллар гирифта, барнагардондааст.

Зидди боздоштшуда бо гумони "Қаллобӣ" парванда боз шудааст.

XS
SM
MD
LG