Ҳамсари Руслан Куат аз додгоҳ хоста буд, ки ҳукумати Қазоқистон харҷи маросими дафн ва дусола маоши шавҳарашро ҳамчун ҷуброн пардозад. Вале додгоҳ онро қонеъ накардааст.
Руслан Куат дар ҷараёни ҳодисаҳои маъруф ба "январӣ"-и Қазоқистон дар фурудгоҳи шаҳри Алмато кушта шуд. Ӯ дар бахши боркашонии фурудгоҳ кор мекард.
Ҷасади Куатро 9 январи соли 2022 дафн карданд. Мақомот баъд аз як моҳ дар робита ба марги ӯ парванда боз карданд, вале дертар парвандаи куштори ӯ қатъ ва ба он "муҳри махфӣ" зада шуд.