Ссылки доступа

Дар Қирғизистон 13 иншооти модари Колбоевро мусодира мекунанд


Додгоҳи Қирғизистон парвандаеро баррасӣ дорад, ки зидди Май Алиева, модари соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноӣ Қамчӣ Колбоев бо гумони "пулшӯӣ" боз шудааст.

Яке аз мурофиаҳо дар манзили зисти гумонбар баргузор гашт. Дар видеои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад модари Колбоев дар рӯйи кат хобидааст ва дар атрофаш додрас, додситон, вакили дифоъ нишастаанд.

Видео баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Додгоҳи шаҳри Бишкек дар шарҳи навор гуфт, мурофиа барои он дар манзили зисти гумонбар баргузор карда шуд, ки "ӯ мехост раванди баррасиро ба дарозо кашад".

Дар мурофиа гуфта шуда, ки ба номи модари Колбоев 13 иншоот сабт гаштааст ва мақомот ҳоло мехоҳанд онҳоро ба нафъи давлат мусодира кунанд.

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар ҷараёни амалиёти махсус, кушта шуд. КДАМ Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷа кушта шудааст. Мақомоти Қирғизистон баъди қатли Колбоев тамоми дороиҳои ӯ, аз ҷумла 720 хонаи нимасохташро ба нафъи давлат мусодира карданд.

XS
SM
MD
LG