Ссылки доступа

Дар Қирғизистон дар шаш моҳ шаш арӯсро рабудаанд


Дар Қирғизистон дар шаш моҳи аввали соли равон 6 духтар бо ҳадафи издивоҷ рабуда шудааст.

Дар ин бора як масъули Вазорати корҳои дохилии Қирғизистон Элиз Шалбоев 31 июл дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Ба гуфтаи ӯ, дар робита ба 5 ҳолат парвандаи ҷиноӣ боз ва ба додгоҳ фиристода шудааст. Як парвандаи дигар ба далели вуҷуд надоштани таркиби ҷиноят қатъ гаштааст.

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Қирғизистон дар нимсолаи аввал ду ҳолати издивоҷи маҷбуриро ошкор кардаанд.

Масъалаи арӯсрабоӣ дар Қирғизистон як мушкили ҷиддӣ аст, ки бо вуҷуди ҷорӣ кадани ҷазои ҷиноӣ барои ин кор аз соли 2013 то ҳол решакан нашудааст.

Дар давоми солҳои охир чандин ҳодисаи марги духтарон ва ба хушунати хонаводагӣ печидани ин қазияҳо ба қайд гирифта шудааст.

XS
SM
MD
LG