Дар маъмурияти президенти Қирғизистон гуфтанд, ки санад ба хотири ғайриқонунӣ эълом кардани ташкил, тарғиб ва машғул шудан ба танфурӯшӣ тавассути Интернет қабул шудааст.
Лоиҳаи тағйиру иловаҳоро порлумони Қирғизистон охирҳои моҳи июни имсол қабул карда буд. Муаллифони лоиҳа ҳангоми баррасии он дар порлумон гуфтанд, ки барои хидматрасонии шаҳвонии онлайнӣ аз 100 то 200 ҳазор сом ҷарима ё то 3 соли зиндон пешбинӣ шудааст.
Қаблан Қазоқистон ҳам қонунеро қабул кард, ки барои пешниҳоди хидматрасонии дорои хусусияти шаҳвонӣ бо истифода аз шабакаҳои мухобиротӣ, бахусус Интернет ҷавобгарии ҷиноӣ пешбинӣ мекунад.