Достиёровро кормандони пулис дар вилояти Алмато дар роҳ ба сӯи шаҳри Конаеви Қазоқистон, ки мехост онҷо дар мурофиаи додгоҳии рӯзноманигор Думан Муҳаммадкарим иштирок кунад, боздошт карданд.
Достиёров дар нақзи қонуни ташкили ҷамъомадҳои осоишта ҳангоми баргузории мурофиаи Муҳаммадкарим дар Додгоҳи шаҳри Конаев гунаҳкор дониста шудааст. Мурофиаи додгоҳии фаъоли маданӣ дар шуъбаи пулис баргузор шудааст.
Муҳаммадкарим аз моҳи июни соли 2023 дар ҳасб қарор дорад. Ӯро дар "сармоягузории экстремизм" ва "иштирок дар созмони мамнуъ" айбдор мекунанд. Баъди он нисбати вай парванда боз карданд, ки бо мухолифи фирории ҳукумати Қазоқистон Мухтор Аблязов мусоҳиба анҷом дод.
Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаи 29 июл аз додрас хост, ки Думан Муҳаммадкаримро 7 сол зиндонӣ ва ҳамчунин ба муҳлати 3 сол аз ҳаққи фаъолиятҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ маҳрум кунад.