- Муҷозоти 33 кас барои чидани пистаи хом дар Кӯлоб. Беш аз 30 нафарро дар минтақаи Кӯлоб ба гуноҳи чидани пистаи хом ҷазо додаанд. Тоҳир Амиршоҳзода, мудири хоҷагии ҷангали минтақа, ҳафтае пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Чаҳор нафар дар ноҳияи Ҳамадонӣ, шаш нафар дар хоҷагии ҷангали Саричашма, 25 нафар дар хоҷагии ҷангали Данғара.”
- Қоидаҳои ҷарроҳӣ барои зебоӣ сахт мешавад. Дар Тоҷикистон торафт шумораи зиёди сокинон барои зебо шудан худро зери теғи ҷарроҳи пластикӣ мегузоранд. Дар гузашта онҳое, ки маблағи кофӣ доштанд, барои анҷоми чунин амалиёт ба хориҷ мерафтанд. Аммо талаботи рузафзун дар дохил ҳоло теъдоди марказҳои косметилогиро бештар намудааст. (видео)
- Салом хоҳар. Зиндониёни собиқ чӣ ҳол доранд? Баъди 5 ё 10 ва 20 соли зиндон онҳоро дар озодӣ чӣ интизор аст? Касе мунтазирашон ҳаст? Аз зиндон озод мешаванд, аммо оё доғи сангини “зиндонӣ” домани онҳоро ба зудӣ сар хоҳад дод? Бозгашти занони зиндонии собиқ ба зиндагии одӣ мавзӯи барномаи Салом хоҳар аст. (видео)
- Боздошти муҳоҷирон дар мошини саршор аз харбузаи содиротӣ. (видео)
- Муҷозот барои чидани пистаи хом дар Кӯлоб. Мақомоти ҷангали минтақаи Кӯлоб аз хом чидани писта нигаронӣ мекунанд. Одатан мавсими пистачинӣ моҳи август сар мешавад вале ҷангалбонҳо аллакай аз мардуми маҳаллӣ садҳо кило ин меваи худрӯи кӯҳистониро,ки норасид чида шудааст мусодира карданд. (видео)
- Дар табодули маҳбусон хабарнигори Радиои Озодӣ озод мешавад. Мақомоти Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари дигар табодули зиндониёнро оғоз кардаанд. Эҳтимол меравад, ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард бошад. (видео)
- Раиси Конибодом аз боздошти як гумонбар хабар дод. Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, аз боздошти як гумонзад дар куштори чанд сокини деҳаи Санҷидзор хабар дод. Ин ҳодиса ду моҳ пеш рух дода, дар минтақа сарусадои зиёд барпо кард. (видео)
- Нақшаи қабули донишҷӯёнро кам кардаанд. Ба сабаби он ки дар се соли охир қисме аз курсиҳои холии донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон пур нашуд, бо пешниҳоди Маркази Миллии Тестӣ нақшаи қабули довталабонро ҳудуди 10 дарсад кам кардаанд. (видео)
- "Муҳоҷирон нестанд, рафҳои баъзе аз фурӯшгоҳҳо холист".Мақомоти Русия дар ним сол даҳҳо ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла тоҷиконро аз ҳудуди ин кишвар берун кардаанд. Тавре ба назар мерасад, амалиёти пайваста дар моҳҳои охир ва ихроҷи муҳоҷирон боис шуд, ки дар баъзе аз вилоятҳои Русия камбуди ҷиддии нерӯи корӣ ба амал омадааст. (видео)
- Мақомоти Суғд умед доранд, ки шаҳраки Сайҳун бо кумаки коршарикони хориҷӣ бунёд мешавад. (видео)
- Манъи рондани "самокат" муҳоҷиронро бекор мекунад? Як тасмими нави мақомоти рус сабаби нигаронии амиқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ шудааст. Думаи Давлатии Русия пешниҳоди боло бурдани ҷаримаро барои ронандаҳои "самокатҳо" қабул кардааст. Ҳадаф аз ин тасмим коҳиши садамаҳо гуфта мешавад, вале муҳоҷирон фишори навбатӣ меноманд. (видео)
- Муфтӣ гуфт, кадом либосҳоро ба занон тавсия медиҳанд. Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯяд, мақомот бар сари таҳияи либоси тавсиявӣ барои сокинон кор мекунанд. Масъалаи либоси ба истилоҳ бегона, ки бо қабули қонуни нави танзим пӯшидани он манъ шуд, мавзӯи баҳс дар нишасти матбуотии Кумитаи дин буд. (видео)