Саидалиев дар "Тамаъҷӯӣ", "Қаллобӣ", "Ташкили гуруҳи ҷиноӣ", "Авбошӣ", "Пулшӯӣ" ва "Иштирок дар додани пора" гунаҳкор дониста шудааст.
Додгоҳи Юнусобод баррасии парвандаи Саидалиев ва 28 тани дигарро 11 июни имсол оғоз карда буд.
Додгоҳи олии Узбекистон гуфта буд, ки Саидалиев ва чанд сокини дигар дар ҷараёни амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тошканд дар моҳи декабри соли гузашта бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шудаанд.
Тахмин меравад, онҳо бо роҳи тамаъҷӯӣ ва "ҳал" кардани мушкили афроди қарздор фоида ба даст меовардаанд.