Кубаничбек уулу 2 август дар суҳбат бо телевизиони русии "RT" бо тасдиқи ин хабар гуфта, ки бо Вазорати дифои Русия қарордоди нав имзо кардааст ва рӯзҳои наздик дубора ба ҷанги зидди Украина сафарбар мешавад.
Додгоҳи ноҳияи Якуми майи шаҳри Бишкек рӯзи 24 январи имсол парвандаи Аскар Кубаничбек уулуро, ки пештар бо айби иштирок дар ҷангҳои Украина 10 сол зиндонӣ шуда буд, бозбинӣ ва ӯро шартан аз зиндон раҳо кард.
Тибқи маводи парванда, Кубаничбек уулу моҳи июни соли 2022 ба ҷанги зидди Украина рафтааст. Вай моҳи ноябри соли 2022 аз сафи нерӯҳо ихроҷ ва баъди баргашт ба Бишкек дастгир шуд.
Кубаничбек уулу дар додгоҳ гуфта буд, ки дар ҳайати неруҳои ҷудоихоҳ дар ҷумҳурии ба истилоҳ, Луҳанск хидмат мекард ва танҳо дар тақсими кумакҳои башардӯстона иштирок кардааст. Ба гуфтаи Кубаничбек уулу, вай ба хотири дарёфти шаҳрвандии Русия ба ҷанги Украина рафта буд.