Ҳамакнун сокинони Алмато ҳангоми истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ маҷбур ҳастанд, ки ба ҷои 100 танга ($0,21)-и пешин 120 танга ($0,25) пардохт кунанд.
Шаҳрдории Алмато ҳамчунин иттилоъ дода, ки ба далели амниятӣ пардохти нақдинаи ҳаққи роҳкироро манъ кардааст. Зеро ҷамъоварии он таваҷҷуҳи ронандагонро ба дигар самт ҷалб мекунад.
Қарори боло бурдани нархи роҳкироро дар Алмато маҷлиси шаҳрӣ моҳи июли имсол қабул кард. Шаҳрдории Алмато гуфт, нархи роҳкирои пешин харҷҳоро рӯйпуш намекунад.