Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон 6-уми август хабар дод, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ва Эрон акнун метавонанд бидуни раводид то 30 рӯз ба кишварҳои ҳамдигар сафар карда, то ин муддат иқомат дошта бошанд.
Дар хабарномаи расмӣ омадааст, “амалишавии низоми бераводид дар марҳилаи аввал танҳо барои нафароне роҳандозӣ мегардад, ки аз масири ҳавоии Душанбе-Теҳрон ва Теҳрон-Душанбе истифода мебаранд,”-навиштааст Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон.
Ёддошти тафоҳум миёни Тоҷикистон ва Эрон дар бораи бекор кардани низоми раводид дар моҳи ноябри соли 2023 имзо шуда буд.
Миёни Тоҷикистон ва Эрон феълан ҳафтае се парвоз ҳаст.
Даҳҳо тоҷикистонӣ бо мақсади саёҳату тиҷорату табобат ба Эрон мераванд.