Ссылки доступа

Марзи Афғонистон бо Узбекистонро аз нав муайян мекунанд


Иҷрокунандаи вазифаҳои вазири энергетика ва захираҳои оби Афғонистон Абдуллатиф Мансур гуфтааст, қисмати марзи муштараки ин кишвар бо Узбекистонро, ки об шустааст, аз нав муайян мекунанд.

Хабаргузории "Kun.uz" аз қавли Абдуллатиф Мансур навиштааст, аломатгузории марзҳои Афғонистон бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон, ки бар асари обхезӣ номуайян шудааст, бар асоси стратегияи нав сурат хоҳад гирифт.

"Об сарҳадҳои моро бо Тоҷикистон, Узбекистон ва Туркманистон шустааст. Муҳим ин аст, ки ҳоло барои муайян кардани марзҳои пешин корҳо ҷараён доранд ва мо 20 рӯз пеш ин масъаларо бо раҳбари Афғонистон баррасӣ кардем”, - гуфтааст ӯ.

Абдуллатиф Мансур дақиқ нагуфтааст, ки хаттҳои марзи Афғонистонро чи гуна барқарор мекунанд.

Мақомоти Узбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

XS
SM
MD
LG