Ссылки доступа

Зиндонбони пешини қазоқ дар таҷовузи ду хоҳар муттаҳам мешавад


Як корманди пешини Хадамоти зиндонҳои Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон дар таҷовузи гуруҳии ду хоҳар дар шаҳри Чимкенти он кишвар муттаҳам мешавад.

Хабаргузории "КазТАГ" иттилоъ дода, ки дар робита ба таҷовузи хоҳарон парвандаи ҷиноӣ боз ва тафтишот оғоз шудааст. Аммо ному насаби гумонбарон ифшо намешавад.

Қаблан як табиби бемористони Чимкент ба бунёди "Хомуш мабош" хабар дода буд, ки ду хоҳарро баъди қасди худкушӣ ба бемористон овардаанд ва ба гуфтаи ҷабрдидаҳо, гӯиё ба номуси онҳо корманди пулис дастдарозӣ кардааст.

Дертар расонаҳои маҳаллии Қазоқистон хабар доданд, ки пулиси Чимкент гумонбарон дар таҷовузи хоҳарони 15-ва 21-соларо дастгир кардааст ва яке аз гумонбарон корманди Вазорати корҳои дохилии ин кишвар аст.

XS
SM
MD
LG