Хадамоти матбуотии президенти Қазоқистон хабар дода, ки дар мулоқот масъалаҳои мубрами рушди минбаъдаи шарикии бисёрҷонибаи ду кишвар баррасӣ шуданд.
Мулоқоти Саида Мирзиёева бо Қосимҷомарт Тоқаев дар арафаи сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Қазоқистон сурат мегирад.
Қарор аст, Мирзиёев рӯзҳои 7 ва 8 август аз Остона боздид кунад. Дар ҷараёни ин сафар баргузории Рӯзҳои фарҳангии Тошканд дар пойтахти Қазоқистон дар назар аст.