Ссылки доступа

Дар Тоҷикистон дар 6 моҳ беш аз 50 созмони ҷамъиятӣ баста шудааст


Вазорати адлияи Тоҷикистон аз баста шудани 53 созмони ҷамъиятӣ танҳо дар шаш моҳи соли ҷорӣ хабар дод.

Илҳом Маҳмудзода, як масъули ин ниҳод рӯзи 8-уми август дар нишасти хабарӣ гуфт, се созмони ҷамъиятӣ бо пешниҳоди онҳо ва бо қарори додгоҳ баста шуданд.

Дар вазорат посух доданд, ки ин се созмони бо қарори додгоҳ басташуда- "Имкониятҳои баробар", "Парвин" ва "Нури умеди Истаравшан" мебошанд.

Мавқеи масъулони ин созмонҳо то ҳол маълум нест.

Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлия гуфт, дар пайи санҷишҳо маълум шуд, ки ин созмонҳо ба "камбудиҳои ҷиддӣ" роҳ доданд ва бинобар ҳамин баста шуданд. Ӯ "берун баромадан аз фаъолияти оиномавӣ"-ро яке аз камбудиҳои ин созмонҳо номбар кард.

Намояндагони вазорат гуфтанд, 50 созмони дигар, ки бо хоҳиши худ баста шуда, яке аз сабабҳо, ин "надоштани грант" будааст. Тибқи иттилои ин ниҳод, дар шаш моҳи ахир 48 созмони ҷамъиятӣ сабти ном кардаанд.

Бастани созмонҳои ҷамъиятиро дар Тоҷикистон бархе созмонҳои байнулмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Аврупо ба нафъи демократисозии ҷомеа намеҳисобанд.

Дар солҳои гузашта бастани чунин созмонҳо нигаронии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарро ба миён оварда буд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз 2000 созмони ҷамъиятӣ фаъол аст.

XS
SM
MD
LG