Ссылки доступа

Қирғизистон "Салимбойбачча"-ро таҳти пайгард қарор дод


Қамчӣ Колбоев ва Салим Абдувалиев
Қамчӣ Колбоев ва Салим Абдувалиев

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон соҳибкори 73-солаи узбекистонӣ Салим Абдувалиев, маъруф ба "Салимбойбачча"-ро таҳти пайгард қарор додааст.

Додгоҳи ноҳияи Октябри Қирғизистон ҳукми ҳабси Абдувалиевро дар ғайбаш эълом кардааст.

Ба иддаои кумита, Салим Абдувалиев бо истифода аз нуфузи худ дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил масири интиқоли маводи мухаддир ба Аврупоро ташкил карда, бо соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноии Қирғизистон Қамчӣ Колбоев робита доштааст.

"Салимбойбачча"-ро Додгоҳи ноҳияи Мирободи Узбекистон 19 марти имсол бо ҷурми "Муомилоти ғайриқонунии силоҳ, лавозимоти ҷангӣ, қисмҳои асосии силоҳ, мавод ё дастгоҳи тарканда, ки аз сӯи шахси хатарнок дубора содир мешавад" 6 сол зиндонӣ кард.

Шуруъ аз моҳи январи соли 2017 Салим Абдувалиев муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Узбекистон буд. Вай ҳамзамон аз соли 1997 Эътилофи муҳорибаҳои омехтаи Узбекистонро раҳбарӣ мекард.

XS
SM
MD
LG