Вакили дифои мансабдори пешин Кайсин Абакиров хабар дод, ки додгоҳ 7 август шахси зери ҳимояи ӯро ба шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод кардааст.
"Мо бовар дорем, ки парвандаи алайҳи Азамат Дийканбоев ба далели пайдо нашудани таркиби ҷиноят дар амалҳои ӯ қатъ хоҳад шуд", - гуфтаааст вакили дифоъ.
Қаблан Додгоҳи Якуми май Азамат Дийканбоевро бо гумони талаби пора аз як шаҳрванди Чин ба ҳабси пешакӣ гирифта буд.
Вакили мудофеъ гуфт, Дийканбоев худро айбдор намеҳисобад ва парвандаашро "фармоиши сиёсӣ" медонад.
Дийканбоев гӯиё барои тамдиди шартномаи ширкати чинӣ, ки масъули иҷрои тарҳи "Шаҳри бехатар" дар Қирғизистон аст" 2 миллиону 600 ҳазор сом пора талаб кардааст. Вакили дифои мансабдори пешин ин иддаоро рад карда, гуфт, Дийканбоев барои он шартномаро тамдид накард, ки ҳаққи ин корро надошт.
Дийканбоев рӯзи 5 майи соли 2021 вазири рушди рақамии Қирғизистон таъйин ва 20 майи он сол бо як фармони Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аз мақом барканор шуд.