Ҳамчунин ӯ аз ҳаққи ишғоли вазифаҳои муайян ба муҳлати 10 сол маҳрум карда шудааст. Додгоҳ хабар дода, ки аз президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев дархост карда мешавад, то ӯро аз рутбаи махсус ва мукофотҳои давлатӣ ҳам маҳрум кунад.
Айбдоркунандаи давлатӣ барои вазири пешини корҳои дохилии Қазоқистон 5 соли зиндон талаб карда буд.
Додситонии Қазоқистон моҳи марти имсол хабар дод, ки зидди кормандони ниҳодҳои қудратии ин кишвар дар робита ба таъмин нашудани тартиботи ҷамъиятӣ ва амният дар ҷараёни ҳодисаҳои моҳи январи соли 2022 тафтишотро шуруъ кардааст.
Ерлан Тургумбоеви 61-сола 11-уми январи соли 2022 дар ҳайати ҳукумати нави Қазоқистон курсии вазирии умури дохилиро ҳифз кард.
Президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев 25-уми феврал ӯро аз мақом ронд. Тургумбоев чанд моҳ ба ҳайси мушовири ӯ кор кард ва соли 2023 мушовири сохтори минтақаии зиддитеррористии Созмони ҳамкориҳои Шанхай таъйин карда шуд.