Ссылки доступа

Дар Узбекистон як мард худро аз мошини пулис ба берун партофта, ҷон бохтааст


Марде, ки дар ноҳияи Оққурғони вилояти Тошканди Узбекистон худро аз мошини пулис ба замин партофта буд, ҷон бохтааст.

Дар изҳороти додситонии вилояти Тошканд омадааст, ки сокини 26-солаи маҳаллӣ баъди ҷанҷол дар нуқтаи шустушӯи мошинҳо дар ҳолати мастӣ дастгир шуда буд.

Ӯ гӯиё ба хотири гурез аз кормандони пулис худро аз дохили мошин, ки ҳаракат мекард, ба берун партофтааст.

"Т. М. ҷароҳатҳои гуногун бардошта, аз ҷумла сар ва бинияш осеб диданд. Ӯро ба беморхонаи ноҳияи Бекобод бурданд ва сарфаи назар аз талошҳои табибон ҷон бохт", - гуфта шудааст дар изҳорот.

Дар робита ба ин ҳодиса бо банди "Нақзи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ки боиси марги одам шудааст" парванда боз ва зидди кормандони пулис тафтиши хидматӣ оғоз шудааст.

XS
SM
MD
LG