Ссылки доступа

Дар Қирғизистон модари Колбоевро суд карданд


Додгоҳи ноҳияи Октябри шаҳри Бишкек Май Алиева, модари соҳибнуфузи кушташудаи олами ҷиноии Қирғизистон Қамчӣ Колбоевро дар "пулшӯӣ" гунаҳкор эълом кардааст.

Тибқи қарори додгоҳ, Алиева 7 сол бо муҳлати яксолаи санҷишӣ шартан аз озодӣ маҳрум шудааст.

Додрас гуфтааст, агар Алиева дар давоми як сол даст ба қонуншиканӣ назанад ва уҳдадориҳои худро пура иҷро кунад, ҳукми зиндони ӯ ба иҷро намедарояд.

Ҳамчунин 13 иншооте, ки ба номи модари Колбоев қайд шудаанд, ба нафъи давлат мусодира карда шавад.

Бактибек Ҷумашев, вакили дифои Алиев гуфт, аз болои ҳукми додгоҳ шикоят мекунанд.

Яке аз мурофиаҳо дар манзили зисти гумонбар баргузор гашта буд. Дар видеои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад модари Колбоев дар рӯйи кат хобидааст ва дар атрофаш додрас, додситон, вакили дифоъ нишастаанд.

Видео баҳсҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён овард. Додгоҳи шаҳри Бишкек дар шарҳи навор гуфт, мурофиа барои он дар манзили зисти гумонбар баргузор карда шуд, ки "ӯ мехост раванди баррасиро ба дарозо кашад".

Қамчӣ Колбоев рӯзи 4 октябр дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон, дар ҷараёни амалиёти махсус, кушта шуд. КДАМ Қирғизистон гуфт, Колбоев муқобилати мусаллаҳона нишон дода ва дар натиҷа кушта шудааст. Мақомоти Қирғизистон баъди қатли Колбоев тамоми дороиҳои ӯ, аз ҷумла 720 хонаи нимасохташро ба нафъи давлат мусодира карданд.

XS
SM
MD
LG