Ссылки доступа

Исроил артишашро ба ҳолати омодабоши ҷангӣ даровард


Исроил артишашро ба ҳолати омодабоши олии ҷангӣ даровард. Ин тасмим дар пайи эҳтимоли ҳамлаи Эрон ва "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон ба хоки Исроил гирифта шудааст.

Дар ин бора нашрияи The Wall Street Journal бо такя ба манобеаш хабар медиҳад.

Нашрия менависад, Исроил омодагии Эрон ва "Ҳизбуллоҳ"-ро мушоҳида кардааст, аммо ҳамоно маълум нест, ки оё ҳамлае сурат хоҳад гирифт ё на.

Пештар фармондеҳи неруҳои ҳавоии Исроил дастур дода буд, ки сафари хориҷии низомиҳои исроилӣ манъ шавад.

Расонаҳои Лубнон навиштанд, "Ҳизбуллоҳ" коргоҳҳояшро дар ҷануби шайҳри Бейрут холӣ кардааст. Қароргоҳҳои сиёсии ин созмон низ баста шудаанд. Манобеъ мегӯянд, ин тасмимҳо дар пайи эҳтимоли ҳамлаи ҷавобии Исроил гирифта шудаанд.

ИМА ба минтақа киштӣ фиристодааст.

Президенти ИМА Ҷо Байден бо роҳбарони Олмон, Фаронса, Итолиё ва Бритониё суҳбат ва вазъи Шарқи Наздикро баррасӣ кард.

Дар изҳороти роҳбарони кишварҳо, ки дар сомонаи Кохи сафеди ИМА нашр шуд, аз Эрон даъват шудааст, ки аз ҳамлаи низомӣ ба Исроил худдорӣ кунад.

Телевизиони Fox News бо такя ба манбаҳои худ хабар дод, ки ҳамла ба Исроил мумкин аст, дар 24 соати оянда сурат гирад.

Эрон пештар хабар дода буд, ки аз Исроил барои куштори Исмоил Ҳания, яке аз роҳбарони гуруҳи ҲАМОС қасос мегирад. Ҳания рӯзи 31 июл дар шаҳри Теҳрони Эрон кушта шуд.

XS
SM
MD
LG