Дар изҳороти созмон аз 15-уми август гуфта мешавад, ки ҳокимони нави Афғонистон дар се сол комёбиҳои ду даҳаи охири соҳаи маорифро дар ин кишвар тақрибан аз байн бурданд.
"Ҳоло ояндаи як насл пурра зери хатар аст," – омадааст дар изҳорот.
Гурӯҳи "Толибон" рӯзи 15-уми августи соли 2021 пойтахти Афғонистонро ишғол кард ва идораи ҳукуматро ба даст гирифт.
Баъд аз он аз занон аз кору таҳсилу варзиш маҳрум шуданд. Маҳдудиятҳое, ки Созмони Милали Муттаҳид "апартеиди ҷинсӣ" (табъизи иқтисодиву иҷтимоии инсон бар пояи ҷинси ӯ) номид.