Додгоҳ дар маҷмуъ 5 муҳофизи Колбоевро бо айби "Таҳдид ва ё хушунат нисбати намояндагони ҳокимият" айбдор дониста, ҳар кадомеро 50-ҳазор сомӣ ҷарима бастааст.
Қарори додгоҳ ҳанӯз 27 декабри соли 2023 содир ва танҳо акнун расонаӣ шудааст.
Қамчӣ Колбоев 4 октябри соли 2023 дар шаҳри Бишкек дар ҷараёни амалиёти махсуси боздошташ аз сӯи Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон парронда шуд.
Баъди он мақомоти Қирғизистон ба мусодираи амволи Колбоев шуруъ карданд. Мақомот гуфтанд, Колбоев дороияшро бо роҳҳои ҷиноӣ ҷамъ кардааст. Ба илова, дар ниҳодҳои давлатӣ поккории афроде ба роҳ монда шуд, ки бо Колбоев ва гуруҳи ҷиноии вай робита доштанд.