Ссылки доступа

Ҳаёт дар манзили офатзадаи ноҳияи Восеъ (гулчин)


UKRAINE--Military training centers in Ukraine
UKRAINE--Military training centers in Ukraine

Ба расонаҳои минтақа ҳақ дода мешавад, ки аз ин матлабҳо ба сурати комил ва ё ҷузъӣ истифода кунанд. Бо дархости муштариён метавонем ба онҳо шакли аслии наворҳои видеоиро фиристем. Онҳо, инчунин, метавонанд матлаби дилхоҳи худро аз махзани Директ истифода кунанд.

- Ҳаёт дар манзили офатзадаи ноҳияи Восеъ. Аз сели харобиоваре, ки деҳаи Кӯчабоғи ноҳияи Восеъро пахш кард, се моҳ гузашт ва бо гузашти вақт як ҷабрдидаи ин офати табиӣ то рафт бештар ноумед мешавад (видео)

- Дар Тоҷикистон гардиши рубли русӣ бештар шудааст. Рубли Русия дар шаш моҳи имсол дар додугирифти Тоҷикистон бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (СНГ) ба пули асосӣ табдил ёфтааст (видео)

- Сокинон дар бораи кори табибон чӣ мегӯянд? 18 август дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи табибон таҷлил мешавад. Дар ин рӯз аз кори табибон тавсиф мекунанд, аммо аз мушкилоташон, аз ҷумла кам будани маош камтар мегӯянд. Назарҳо ба кори пизишкон яксон нест (видео)

- Додситон боздошти имом дар Суғдро шарҳ дод. Додситони вилояти Суғд баъди 4 моҳ боздошти имомхатиб ва муовини як масҷиди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров расман шарҳ дод (видео)

- Тоҷикистон аз куҷо ним миллиард доллар меёбад? Масъулони Вазорати молияи Тоҷикистон гуфтанд, ду баробар зиёд шудани пардохти қарзи хориҷӣ дар соли оянда барои буҷа душворӣ нахоҳад дошт, "чун пул ҳаст" (видео)

- Хадамоти гумрук фасодро дар сабти телефонҳо тасдиқ кард. Масъулони Хадамоти гумрук боздошти чанд маъмури ин ниҳоди вобаста ба ҳукумати Тоҷикистонро тасдиқ карданд. Маъмуроне, ки масъули сабти шохис ё IMEI-и телефону плагшетҳо дар фурудгоҳҳо буданд.

- Дар Кӯлоб майдони нишони миллӣ боз таъмирталаб шудааст. (видео)

- Русия мехоҳад YouTube-ро маҳдуд ё пурра манъ кунад. Ҳазорон корбар дар Русия шикоят доранд, ки дастрасӣ ба Ютуб дар ин кишвар номумкин шудааст ва ё ба сахтӣ видеоҳоро мекушоянду мебинанд. Вебсайти "Downdetector", ки қатъи кори торнамоҳоро мушоҳидаву сабт мекунад, хабар дод, ки шикоятҳо аксаран аз Маскав, Санкт-Петербург ва Екатеринбург мерасанд. (видео)

- ВКД кушторҳои пайиҳамро дар Конибодом шарҳ дод. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон пас аз муддати тӯлонӣ қатлҳои пайиҳаму тарснокро дар шаҳри Конибодом дар вилояти Суғд шарҳ дод. Ба қавли Абдураҳмон Аламшозода, муовини вазир, қатли ду оила дар натиҷаи муноқишаи хонаводагӣ будааст. (видео)

- Дар Деваштич мактаберо бо пули муҳоҷирон бозсозӣ мекунанд.

- Дар Кӯлоб соҳибхонаи шуҷоъ дуздро дастгир карда, ба милиса супурдааст. Дар шаҳри Кӯлоб то кунун баҳс сари як парвандаи дуздӣ идома дорад ва ҷабрдидагон мақомоти интизомиро танқид мекунанд, ки корашонро дуруст анҷом намедиҳанд. Соҳибхонае, ки дузди ноболиғро худаш боздошт кардааст, мегӯяд, ӯ танҳо набуд. (видео)

- Сарнавишти норӯшани пасандозҳои бонкҳои муфлисшуда. Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, бозгардонидани пули муштариёни бонкҳои варшикаста идома дорад ва мардуме, ки дар ин бонкҳо амонат доштанд, ҳаққи худро ба тадриҷ мегиранд. (видео)

- Алсу Қурмашева: "Хашмгин нестам, нафрат надорам". Алсу Қурмашева, хабарнигори Радиои Озодӣ, 9 моҳро дар зиндони Русия гузаронд. Ӯ ҳафтае пеш ҳангоми табодули маҳбусон миёни Русия, Амрико ва кишварҳои дигар озод шуд. Мегӯяд, азоби зиндонро фаромӯш накардааст, вале аз пайвастан бо оилааш хушҳол аст.

- Ахбори Озодӣ аз 6-уми августи соли 2024. Ихроҷи беш аз 17 ҳазор тоҷик дар соли равон аз Русия; ғоратгарии афсарони рус дар боздоштгоҳи "Сахарово"-и Маскав; суҳбат бо хабарнигори раҳошудаи Радиои Озодӣ Алсу Қурмашева ва оғози режими сафари бидуни раводид байни Тоҷикистону Эрон. (видео)

- Русия дар шаш моҳ 17 ҳазор тоҷикистониро ихроҷ кардааст.

- Бозгашти беш аз 80 ҳазор зани тоҷик аз муҳоҷират. Дар шаш моҳи аввали имсол зиёда аз 80 ҳазору 500 зан аз муҳоҷирати корӣ баргаштаанд. Ин рақам дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 16 ҳазору 500 нафар зиёд аст. Аммо гуфта намешавад, чӣ шуморе аз онҳо ихроҷ шудаанд ва чӣ қадарашон бо хоҳиши худ бозгаштаанд. (видео)

- Афзоиши нархи газ: Омили берунӣ ё натиҷаи нобаробарӣ? Гази моеъ, ки қисми зиёди мошинҳои Тоҷикистон бо он ҳаракат мекунанд, дар ду ҳафтаи охир дар Душанбе камчин шуда, дигарбора нархи он боло рафтааст. Муовини раиси Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзоиши баҳои гази моеъро “муваққатӣ” донист ва ба “омилҳои мавсимӣ” пайванд дод. Дигарон чӣ мегӯянд? (видео)

- Чаро кишварҳои Осиёи Марказӣ то дандон мусаллаҳ мешаванд? Кишварҳои Осиёи Марказӣ буҷаи бахши низомии худро афзоиш медиҳанд. Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон танҳо дар соли 2023 барои беҳтар кардани иқтидори низомии худ қариб ду миллиард доллар харҷ кардаанд. Чӣ мақомоти ин кишварҳоро водор мекунад, ки хароҷоти низомии худро зиёд кунанд? (видео)

- Ҷойи барқгирии мошинҳои барқӣ дар Айнӣ танг шудааст. Даҳҳо мошини барқии чинӣ дар нимароҳи Душанбе-Хуҷанд аз бебарқӣ дармондаанд ва тақрибан як ҳафта аст, аз ноҳияи Айнӣ берун шуда наметавонанд. Дар инҷо чанд нуқтаи барқгирӣ барои мошинҳо буд вале ҳоло кор намекунанд, чун, нерӯи барқи онҳоро қатъ кардаанд. (видео)

- Чаро Корхонаи алюминийро ба додгоҳ кашиданд? "Шабакаҳои тақсимоти барқ" корхонаи алюминии Тоҷикистон “ТАЛКО”-ро барои напардохтани 37 миллион сомонӣ қарзи нерӯи барқ ба додгоҳ кашидааст.Дар Додгоҳи олии иқтисодӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, "Шабакаҳои тақсимоти барқ" даъво дорад.

- Муҷозоти 33 кас барои чидани пистаи хом дар Кӯлоб. Беш аз 30 нафарро дар минтақаи Кӯлоб ба гуноҳи чидани пистаи хом ҷазо додаанд. Тоҳир Амиршоҳзода, мудири хоҷагии ҷангали минтақа, ҳафтае пеш дар нишасти матбуотӣ гуфт: “Чаҳор нафар дар ноҳияи Ҳамадонӣ, шаш нафар дар хоҷагии ҷангали Саричашма, 25 нафар дар хоҷагии ҷангали Данғара.”

- Қоидаҳои ҷарроҳӣ барои зебоӣ сахт мешавад. Дар Тоҷикистон торафт шумораи зиёди сокинон барои зебо шудан худро зери теғи ҷарроҳи пластикӣ мегузоранд. Дар гузашта онҳое, ки маблағи кофӣ доштанд, барои анҷоми чунин амалиёт ба хориҷ мерафтанд. Аммо талаботи рузафзун дар дохил ҳоло теъдоди марказҳои косметилогиро бештар намудааст. (видео)

- Салом хоҳар. Зиндониёни собиқ чӣ ҳол доранд? Баъди 5 ё 10 ва 20 соли зиндон онҳоро дар озодӣ чӣ интизор аст? Касе мунтазирашон ҳаст? Аз зиндон озод мешаванд, аммо оё доғи сангини “зиндонӣ” домани онҳоро ба зудӣ сар хоҳад дод? Бозгашти занони зиндонии собиқ ба зиндагии одӣ мавзӯи барномаи Салом хоҳар аст. (видео)

- Боздошти муҳоҷирон дар мошини саршор аз харбузаи содиротӣ. (видео)

- Муҷозот барои чидани пистаи хом дар Кӯлоб. Мақомоти ҷангали минтақаи Кӯлоб аз хом чидани писта нигаронӣ мекунанд. Одатан мавсими пистачинӣ моҳи август сар мешавад вале ҷангалбонҳо аллакай аз мардуми маҳаллӣ садҳо кило ин меваи худрӯи кӯҳистониро,ки норасид чида шудааст мусодира карданд. (видео)

- Дар табодули маҳбусон хабарнигори Радиои Озодӣ озод мешавад. Мақомоти Русия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва чанд кишвари дигар табодули зиндониёнро оғоз кардаанд. Эҳтимол меравад, ин калонтарин табодули маҳбусон дар давраи пас аз Ҷанги Сард бошад. (видео)

- Раиси Конибодом аз боздошти як гумонбар хабар дод. Абдусалом Тухтасунзода, раиси шаҳри Конибодом, аз боздошти як гумонзад дар куштори чанд сокини деҳаи Санҷидзор хабар дод. Ин ҳодиса ду моҳ пеш рух дода, дар минтақа сарусадои зиёд барпо кард. (видео)

- Нақшаи қабули донишҷӯёнро кам кардаанд. Ба сабаби он ки дар се соли охир қисме аз курсиҳои холии донишкадаву донишгоҳҳои Тоҷикистон пур нашуд, бо пешниҳоди Маркази Миллии Тестӣ нақшаи қабули довталабонро ҳудуди 10 дарсад кам кардаанд. (видео)

- "Муҳоҷирон нестанд, рафҳои баъзе аз фурӯшгоҳҳо холист".Мақомоти Русия дар ним сол даҳҳо ҳазор шаҳрванди хориҷӣ, аз ҷумла тоҷиконро аз ҳудуди ин кишвар берун кардаанд. Тавре ба назар мерасад, амалиёти пайваста дар моҳҳои охир ва ихроҷи муҳоҷирон боис шуд, ки дар баъзе аз вилоятҳои Русия камбуди ҷиддии нерӯи корӣ ба амал омадааст. (видео)

- Мақомоти Суғд умед доранд, ки шаҳраки Сайҳун бо кумаки коршарикони хориҷӣ бунёд мешавад. (видео)

- Манъи рондани "самокат" муҳоҷиронро бекор мекунад? Як тасмими нави мақомоти рус сабаби нигаронии амиқи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ шудааст. Думаи Давлатии Русия пешниҳоди боло бурдани ҷаримаро барои ронандаҳои "самокатҳо" қабул кардааст. Ҳадаф аз ин тасмим коҳиши садамаҳо гуфта мешавад, вале муҳоҷирон фишори навбатӣ меноманд. (видео)

- Муфтӣ гуфт, кадом либосҳоро ба занон тавсия медиҳанд. Раиси Кумитаи дин ва танзими анъана мегӯяд, мақомот бар сари таҳияи либоси тавсиявӣ барои сокинон кор мекунанд. Масъалаи либоси ба истилоҳ бегона, ки бо қабули қонуни нави танзим пӯшидани он манъ шуд, мавзӯи баҳс дар нишасти матбуотии Кумитаи дин буд. (видео)

КОРМАНДОНИ МУҲТАРАМИ РАСОНАҲО! БО ҲАЗОРОН НАВОРИ САДОВУ ВИДЕО, АЗ ҶУМЛА, ШАКЛИ АСЛИИ САДОВУ ВИДЕОҲО БО ЗАБОНИ ТОҶИКӢ, КИ БАРОИ ЗАХИРА КАРДАНИ КОРШАРИКОН ДАСТРАС ҲАСТАНД, ОШНО ШАВЕД!

XS
SM
MD
LG