Додситонии кулли Қазоқистон рӯзи 21 август хабар дод, ки соли гузашта ин мард дар шаҳри Алмато дар ҳолати мастӣ пушти фармони мошин нишаста ва муқобили самти ҳаракат баромадааст. Дар натиҷа боиси сар задани садамаи нақлиётӣ шудааст.
Гумонбар, ки ному насабаш зикр нашудааст, аз ҷойи ҳодиса фирор карда ва дар пайгард қарор дошт.
Моҳи апрели соли ҷорӣ ӯро дар ҳудуди Лаҳистон пайдо карданд. Дар охир ӯро аз Лаҳистон ба Қазоқистон истирдод ва боздошт карданд.