Ссылки доступа

Пардохти 5 млн сомӣ ба хонаводаҳои ду қирғизистоние, ки дар суқути чархбол кушта шуданд


Ба хонаводаи ду қирғизистоние, ки дар суқути чархбол дар Туркия ҳангоми хомӯш кардани оташ кушта шуданд, 5 млн сомӣ пардохт карданд.

Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон гуфт, пардохти ин маблағ ба хонаводаи кушташудаҳо баъди анҷом шудани таҳқиқи ҳодиса сурат гирифтааст. Суқути чархбол моҳи сентябри соли 2023 рух дода буд.

Ин ҳодиса дар минтақаи Мендереси наздикии шаҳри Измири Туркия сурат гирифт. Чархбол дар хомӯш кардани оташи ҷангал иштирок мекард. Шаҳрвандони кушташудаи Қирғизистон дар ширкати "Транс Караван Кейҷ" кор ва дар хомӯш кардани оташ иштирок мекарданд.

XS
SM
MD
LG