Ссылки доступа

Президенти Қазоқистон ба Тоҷикистон сафар мекунад


Имрӯз, 22-юми август, Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон бо сафари ду рӯзаи давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.

Дар ин бора Вазорати корҳори хориҷии Тоҷикистн хабар дод. Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни ин сафар имзои бастаи санадҳо дар назар аст.

Қарор аст дар доираи сафари Қосимҷомарт Тоқаев имрӯз дар "Кохи Борбад" Рӯзҳои фарҳангии Қазоқистон оғоз ёбад. Дар доираи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон 22-23 август ҳайати ҳунарии Қазоқистон дар шаҳрҳои Бохтар ва Хуҷанд барномаҳои фарҳангӣ пешниҳод менамоянд.

Қазоқистон яке аз шарикони муҳими тиҷоратии Тоҷикистон ба шумор меравад. Тибқи иттилои расмӣ, соли 2023 мубодилаи мол байни Тоҷикистон ва Қазоқистон марзи беш аз 1 миллиард долларро убур намуд ва ҷонибҳо ният доранд, ки дар ояндаи наздик ин нишондиҳандаро то ба 2 миллиард доллар расонанд.

Дар пай сафари Қосимҷомарт Тоқаев ба Душанбе, рӯзҳои 22 ва 23 август баъзе аз кӯчаву хиёбонҳои пойтахт баста мешаванд. Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, дар ин рӯзҳо ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои Мастонгулов, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, хиёбони Рӯдакӣ ва Исмоили Сомонӣ муваққатан маҳдуд хоҳад шуд.

Қосимҷомарт Тоқаев бори охир моҳи сентябри соли 2023 бо сафари корӣ дар Душанбе буд. Тоҷикистон ва Қазоқистон аз соли 1993 робитаи дипломатӣ доранд. Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст. Дар ин кишвар низ гоҳе муҳоҷирони тоҷик бо фишору азият дучор мешаванд ва дар як соли гузашта мавридҳои боздошту ихроҷи онҳо сабт шудааст.

XS
SM
MD
LG